«Хуҷанд» ғалабаи дуюми худро ба даст овард

Апрель 19, 2016 14:46

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Бозиҳои даври навбатии Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар сафар бар КМВА «Помир» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳамлагари «Хуҷанд» ва тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расонд. Ин ғалабаи дуюми пайдарҳами дастаи соҳили Сирдарё дар чемпионати имсола мебошад.
Дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор низ дар ин давр ба ғалаба муваффақ шуд. Фархориҳо дар меҳмонӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғалаба карданд. Голҳои «Ҳосилот»-ро бозингарони собиқи «Равшан» Абдурасул Раҳмонов ва легионери ганагӣ Мусо Содиқ ба ҳадаф расонданд.

Апрель 19, 2016 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад