«Ҳикояи беҳтарин» ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар Суғд
Душанбе, 27.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Ба пешвози 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар ҷодаи наср озмуни вилоятии «Ҳикояи беҳтарин»-ро эълон намудааст. Яке аз шартҳои озмун интишори ҳикояҳои пешниҳодшаванда дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» ва маҷаллаи «Паёми Суғд» мебошад.
Дар озмун қаламкашони ҷавон (то 30-сола) ҳунар варзида, интихоби мавзӯъ озод аст. Озмун аз моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта, моҳи августи соли 2016 дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун барои ҷои аввал 2 000 сомонӣ, дуюм 1500 сомонӣ ва сеюм 1000 сомонӣ мукофот хоҳанд гирифт.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






