Истифодаи хлор ҳангоми ҳамлаи кимиёӣ ба Ҳалаб

Апрель 8, 2016 17:33

Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи террористии «Ҷайш ул-Ислом» ҳангоми ҳамлаи кимиёӣ ба шаҳри Ҳалаби Сурия аз маҳлули хлор истифода кардааст. Дар ин бора агентии «Sputnik» бо истинод ба табиби беморхонаи ташкилоти «Ҳилоли Аҳмар» хабар медиҳад. Бино ба иттилои табиби беморхона, дар ҳама зарардидагони минтақаи Шайх Мақсуд нишонаҳои аз хлор заҳролудшудшавӣ мушоҳида мешавад.
Рӯзи 7-уми апрел иттилоъ дода буданд, ки дар минтақаи Шайх Мақсуд ҳангоми тирпаронӣ аз яроқи кимиёӣ истифода карда шуд. Дар натиҷа 4 нафар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ ба беморхона таҳвил дода шуданд. Масъулияти истифодаи яроқи мамнуъшударо ҳангоми задухӯрд бо ихтиёрини курд гурӯҳи «Ҷайш ул-Ислом» бар уҳда гирифт.

Апрель 8, 2016 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад