Комиссияи Аврупо имконоти ҷорӣ намудани раводидро барои шаҳрвандони ИМА ва Канада баррасӣ мекунад

Апрель 12, 2016 10:02

Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи Аврупо имрӯз масъалаи имконоти ҷорӣ намудани раводиди муваққатиро ба шаҳрвандони ИМА ва Канада баррасӣ мекунад. Дар ин бора РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
Айни ҳол дар ИМА ва Канада барои шаҳрвандони Руминия, Булғористон, инчунин хорватҳо, қибрисҳо ва лаҳистониҳо низоми раводид амал мекунад. Ба шаҳрвандони кишварҳои дигари Иттиҳоди Аврупо- Вашингтон ва Оттава имкони сафари бидуни раводид додаанд. Ҳамин тавр, шаҳрвандони Канада ва ИМА метавонанд ба қаламрави ИА бидуни раводид ворид шаванд.
Ба гуфтаи намояндаи Комиссияи Аврупо Мино Андреева, ҳайати Комиссияи Аврупо аз ҷумла, «пайомадҳо барои муносиботи иқтисодӣ ва сиёсӣ»-и ҷорӣ намудани низоми муваққатии раводид бо ИМА ва Канадаро баррасӣ мекунад.

Апрель 12, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд