Конфронс оид ба Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Сорбонна

Апрель 15, 2016 17:12

Душанбе, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрели соли 2016 дар Донишгоҳи Сорбоннаи шаҳри Париж Конфронс бахшида ба рушду тавсеаи ҳузури Фаронса дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он намояндагони дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзиданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Назаров доир ба се ҳадафи стратегии кишвар, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ сухан намуда, ҳамзамон барои ширкати бештари сармоягузорони фаронсавӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Дар раванди Конфронс музокираи бевосита миёни сафирон, ҳайати профессорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Сорбонна ба вуқӯъ пайваст.
Дар фарҷоми Конфронс роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон ташаббуси барпо намудани конфронси навбатиро доир ба рушди соҳаи туризм дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд.
Дар ин бора аз Сафорати Точикистон дар Фаронса хабар доданд.

Апрель 15, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад