Мавсими нави футбол дар Лигаи якум

Апрель 15, 2016 09:40

Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Тоҷикистон зери парчами Лигаи миллии футбол бозиҳо дар Лигаи якум шурӯъ мегарданд. Шумораи дастаҳо нисбат ба соли гузашта дар ин Лига тағйир наёфта бошад ҳам, аммо се дастаи нав ба он ҳамроҳ гардиданд: “Коммуна”-и Фархор, “Ваҳдат”-и Ваҳдат ва “Парвин”-и Бохтар.
Ғолиби Лигаи якуми соли гузашта “Ҳосилот”-и Фархор ба Лигаи олӣ баромад ва дастаҳои “Эсхата” бо “Маркази тайёрии олимпӣ”, мавсум ба “СОП” аз вилояти Суғд дар мусобиқаи имсола барои ширкат дархост надодаанд.
Ба ҳамин тартиб, рӯзи 20 апрел “Кӯктош” бо “Панҷшер”, “Ҳулбук” бо “Чашма” ва “Локомотив бо “Зарафшон” , рӯзи 21 апрел “Канд” бо “Саройкамар”, “Коммуна” бо “Ваҳдат” ва “Помир” бо “Парвин” вориди рақобат мешаванд.

Апрель 15, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид