Мизи мудаввар: «Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон»

Апрель 19, 2016 17:28

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар доираи омодагӣ ба маъракаи муҳими дарпешистодаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши  Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Аҳамияти арзишҳои конститутсионӣ дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши  Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони комиссияҳои ҳавзавии раъйпурсии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Мақсади асосии чорабинии мазкур таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷиҳати ба шаҳрвандон расонидани моҳияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба раванди омодагӣ ба раъйпурсӣ мебошад.

Мизи мудавварро раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Аббосиддин Саймуддинов ифтитоҳ бахшида, дар кори он вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Сайфулло Сафаров атрофи тарбияи ҳуқуқии ҷавонон андешаронӣ намуд.

Дар мизи мудаввар  роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Абдуманон Додозода оид ба ҷараёни омодагиҳо ва корҳои аз ҷониби Комиссия то имрӯз ба анҷомрасида сухан гуфта, нақши ҷавононро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуд.

Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки ҷавонони фаъоли пойтахт дар арафаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ба комиссияҳои раъйпурсӣ ҷиҳати паҳн намудани маводи тарғиботию ташвиқотӣ, инчунин ба шаҳрвандон расонидани хабарномаҳо метавонанд кумаки амалӣ расонанд.

Иштирокдорони чорабинӣ изҳори бовар намуданд, ки ҷавонони кишвар барои дар сатҳи баланди ташкилӣ омода ва баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ мусоидат намуда, дар пешрафти ҳаёти сиёсии кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.

 

Апрель 19, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад