Муҳайё намудани шароити беҳтари зиндагӣ ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад

Апрель 11, 2016 17:04

Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» вобаста ба мавзӯъҳои «Омўзиш ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ва «Ислоҳоти конститутсионӣ –асоси рушди босуботи кишвар» машварат баргузор гардид.
Сарвари иттиҳодия Ҳ. Мирзоев дар мавзӯи «Омўзиш ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» иброз намуд, ки қабули қонуни зикршуда, пеш аз ҳама, хусусияти расмӣ бахшидан ба амри воқеии таърихӣ мебошад. Агар таърихро варақ занем, мебинем, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар ибтидои оғоз намудани фаъолияти худ ҳамчун Сарвари давлат дар Муроҷиатномааш ба халқи Тоҷикистон зикр намуда буд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
Ба Пешвои миллат муяссар гардид, ки миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз барҳамхўрӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро эҳё намуда, ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадимӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, барои қадршиносии корҳои неку писандида шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар мавзӯи “Ислоҳоти конститутсионӣ–асоси рушди босуботи кишвар” аз ҷониби иштирокдорон зикр гардид, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».
Зикр гардид, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунад.

Апрель 11, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад