Мулоқоти Зуҳуров бо кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия

Апрель 22, 2016 12:01

Душанбе, 22.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Шукурҷон Зуҳуров — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ дар Маскав бо кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва роҳбарони намояндагиҳои мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин кишвар доир ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 майи соли равон баргузор мегардад, мулоқот намуд.
Имомуддин Сатторов -Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия зимни суханронӣ гуфт, ки сафорат барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ -раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Русия корҳои заруриро анҷом дода истодааст.
Шурӯъ аз оғози сол сафорат мунтазам бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат, ки аз фаъолон ва роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон аз минтақаҳои гуногуни Русия иборат аст, вохӯриҳо анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба моҳияти баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия ба роҳ мондааст.
Айни замон ҳайати комиссияи участкавии раъйпурсӣ дар шаҳри Маскав таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои ин маърака тасдиқ гардидааст. Инчунин се гӯшаи иттилоотӣ доир ба раъйпурсӣ дар биноҳои сафорат, хадамоти консулӣ ва меҳмонхонаи Ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Маскав таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон Имомуддин Сатторов гуфт, ки сафорат барои хабардор намудани ҳамватанон дар қаламрави Русия оид ба баргузории раъйпурсӣ бо истифода аз зарфиятҳои иттилоотӣ як қатор иқдомҳоро роҳандозӣ намуд. Дар сомонаи сафорат бахши алоҳида доир ба ин чорабинии сиёсӣ- раъйпурсӣ созмон дода шудааст, ки дар он маълумот марбут ба омодагӣ ва гузаронидани раъйпурсии умумихалқӣ мунтазам таҷдид мегардад. Инчунин дар нашрияи «Тоҷикони Россия» маводҳо роҷеъ ба баргузории раъйпурсӣ интишор шудаанд, ки ин рӯзнома дар манотиқи мухталифи Русия дар байни ҳамватанон паҳн гардидааст.
Таъкид шуд, ки сафорати Тоҷикистон дар Русия аз тамоми имконият ва зарфиятҳои мавҷуда истифода бурда, фаъолияташро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ин маъракаи муҳиму сиёсии кишвар дар Русия ба роҳ мондааст.
Дар ҷараёни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров ба саволҳои кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагони расмии кишварамон дар шаҳри Маскав посух гуфт.
Инчунин ҳайати парлумонии Тоҷикистон зимни сафар ба Русия маҳсули ҳунари рассомони тоҷикро, ки дар осорхонаи шаҳри Маскав ба намоиш гузошта шудааст, тамошо намуд.

Апрель 22, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад