Мусобиқаи теннис барои Ҷоми пойтахт
Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи кушода оид ба теннис байни дӯстдорони ин намуди олимпии варзиш барои Ҷоми пойтахт, ки ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзҳои 16-17 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе барпо мегардад. Ташкилкунандагони ин мусобиқа Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии пойтахти кишвар мебошанд.
Дар ин бора ба хабарнигорон Тоҷиддин Тағоев, раҳбари КВД «Қасри тенниси шаҳри Душанбе» хабар дод. Ӯ афзуд: «дар ин мусобиқа, ки бори панҷум барпо мегардад, ҳудуди 30 нафар дӯстдорони теннис — намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ҳамчунин як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва соҳибкорон иштирок мекунанд.
Ба иттилои Тоҷиддин Тағоев, маросими ифтитоҳи мусобиқа 16 апрел соати 11 дар Қасри тенниси Душанбе баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки мусобиқа миёни мардону занон аз рӯи як намуд — рақобатҳои инфиродӣ сурат мегирад.
Ғолибони мусобиқа миёни мардону занон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севуму чорумро мегиранд, бо ҷому ифтихорномаҳои КВД «Қасри тенниси шаҳри Душанбе», Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Душанбе ва ҶДММ «Муҳаммад А» мукофотонида мешаванд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






