Мусодираи зиёда аз 38 кило маводи нашъадор дар Истаравшан
Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони милитсияи ШВКД дар шаҳри Истаравшан зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 30-солаи шаҳри Душанберо дар гумонбарӣ ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 36 килою 830 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Вазорати корҳоли дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сокини 25-солаи шаҳри Кӯлоб низ дар робита ба ҷинояти мазкур дастгир гардид. Кормандони фаврии мақомот аз гумонбаршуда 2 килою 126 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира намуданд.
Дар маҷмӯъ, маводи нашъадори мусодирагардида 38 килою 956 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






