Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ 45% иҷро шуд
Душанбе, 14.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми беш аз 10 рӯзи маъракаи муҳими сиёсӣ иҷрои нақшаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 45%-ро ташкил дод.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи кишвар, то имрӯз гарнизони Хоруғ нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ 59% иҷро намуда, ноҳияи Дарвоз дар хусуси пурра ба анҷом расонидани нақшаи пешбинишуда гузориш дод.
Шаҳри Сарбанд аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш дода, иҷрои нақша дар қаламрави вилояти Хатлон 49%-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 37% ва дар чаҳор навоҳии пойтахт 25%-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1-уми апрели соли 2016 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.
Ҳамин тариқ, дар рӯзи нахустини даъват ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Истиқлоли вилояти Суғд нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Чорабинии мазкур дар дигар шаҳру навоҳии ин минтақа муташаккилона идома дошта, иҷрои нақша дар вилояти Суғд ба 46% баробар мебошад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






