Нахустин хет-трик ва аввалин ғалабаи “Хайр” дар Чемпионати Тоҷикистон

Апрель 11, 2016 11:19

Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дар бозии аввали Чемпионати Тоҷикистон дастаи “Хайр”-и Ваҳдат, ки онро мураббии шинохтаи Тоҷикистон Шариф Назаров машқ медиҳад, дар майдонаш “Равшан”-и Кӯлобро қабул карда, бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯз шуд.
Легионери ганагии “Хайр” Агблей Ҷонес, ки бори аввал дар ҳайати дастаҳои Тоҷикистон бозӣ мекунад, ба задани се гол муваффақ шуд ва муаллифи аввалин хет-трик дар Чемпионати соли 2016 –и Тоҷикистон гардид.
Як голи дигарро намояндаи дигари Гана Миссиам Иносент ба ҳадаф расонд.
Аз дақиқаи 7-уми қисми аввали бозӣ мизбонон баъди аз майдон ронда шудани капитани даста Идибек Ҳабибуллоев дар ҳайати 10 нафар ҳунарнамоӣ карданд.
Дар бозиҳои даври аввал “Регар-ТадАз” бар КМВА “Помир” ва “Хуҷанд” бар “Вахш” бо натиҷаи якхелаи 2 бар 1 пирӯз шуданд.
Вохӯрии аввали худро дастаи нави лигаи олӣ “Ҳосилот”-и Фархор дар майдонаш бо “Барқчӣ”и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 2 мусовӣ ҷамъбаст кард ва дар мусобиқоти лигаи олӣ ба аввалин холл комёб гардид.
Даври дуввум рӯзҳои 16-ум ва 17-уми апрел баргузор шуда, “Равшан” бо “Ҳосилот”, КМВА “Помир” бо, “Истиқлол” бо “Барқчӣ”, “Вахш”бо “Хайр” ва “Парвоз” бо “Регар-ТадАЗ” вориди майдон мешаванд.

Апрель 11, 2016 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид