Намоиши дастовардҳои даврони истиқлолият дар «Боғи Ирам»
Душанбе, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Намоиши дастовардҳои даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳат дар «Боғи Ирам» ба маърази сокинини пойтахт ва меҳмонони бурунмарзӣ гузошта мешаванд. Намоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо бобати дар сатҳи баланди сиёсӣ ҷашн гирифтани рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҷалби намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ноҳияҳо, донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат ба роҳ монда шудааст.
Ҳафтаи гузашта чунин намоиш бо ҷалби намояндагони шаҳри Турсунзода баргузор гардида, дар он намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намадмолӣ, пашмресӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, дуредгарӣ ва дигар анъанаҳои қадимии миллати тоҷик ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода клуби сайёри ихтироъкорон намоиши маҳсули ҳунарҳои дастии тарбиятгирандагонро ба роҳ монд.
Намоиши дастовардҳои як зумра шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар рӯзҳои дигар ба нақша гирифта шудааст.












Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






