Нишасти матбуотӣ бахшида ба Рӯзҳои фарҳангии Ҳиндустон дар КМТ
Душанбе, 20.04.2016, /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шарафи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати расмии Ҳиндустон баргузор гардид.
«Мо бо Ҳиндустон робитаҳои дуҷонибаи дӯстӣ дорем ва боварии комил дорем, ки ин рӯзҳои фарҳангӣ, ки аз ҷониби сарварони ду кишвар ба роҳ монда шудаанд, боз ҳам дӯстии моро зиёдтар мекунанд»,- чунин гуфт вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии мазкур.
Мидхун Рагаван, сафири муваққатии Ҳиндустон дар Тоҷикистон аз баргузории ин рӯзҳо хеле хурсанд буда, чунин гуфт: «Баргузории чунин рӯзҳо пайвандгари фарҳанги як миллат бо миллати дигар мебошад. Бори охир Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҳиндустон соли 2008 дар сатҳи баланд баргузор гардида буданд. Ҳунармандони тоҷик фарҳанги баланди миллаташонро нишон дода буданд. Имсол мо тасмим гирифтем ин рӯзҳоро дар Тоҷикистон баргузор намоем».
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ расман оғоз гардида, то 26-уми апрел идома меёбанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






