Нокомии “Реал”-и Мадрид

Апрель 7, 2016 14:28

Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баъди бозии ниҳоят душвор бо “Барселона”(1:2) дар рақобатҳои лигаи Испания “Реал”-и Мадрид дар бозии аввали ¼ -ниҳоии Ҷоми чемпионҳои Аврупо дар варзишгоҳи “Волфсбург Арена” дар муқобили клуби “Волфсбург” бозии хуб нишон дода натавонист ва бо натиҷаи 2:0 мағлуб шуд.
Баъди баргузории қуръакашии бозиҳои ¼- ниҳоӣ васоити ахбори ҷаҳон аз он ҳадс мезаданд, ки барои ба даври дигар гузаштани “Реал” ҳарифи на он қадар пурқувват интихоб шуд ва бозиҳо барои ин дастаи шоҳона мисли як сайругаште хоҳанд буд, аммо тавре натиҷаи бозии аввал нишон медиҳад, “Волфсбург” аз қабили он дастаҳое нест, ки осон бар ҳарифи овозадораш тан диҳад.
Дар дақиқаи 18-ум соҳибони майдон баъди иҷрои зарбаи 11-метра аз ҷониби Рикардо Родригес ба сафи пеш баромаданд. Максимилиан Арнолд баъди 7 дақиқа бартарии мизбононро бештар кард.
Натиҷаи ин вохӯрӣ “Реал”-ро маҷбур мекунад, ки дар бозии ҷавобӣ тамоми имконияташро истифода барад, то аз натиҷаи ду вохӯрӣ ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирад, агар не, пас “Волфсбург” аввалин маротиба метавонад ба бозиҳои нимниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо роҳ ёбад
Дар бозии дигари рӯз ПСЖ дар майдонаш бо “Манчестер Сити” бозиро бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 анҷом дод.
Голҳоро Кевин де Брейне(38, 0:1), Златан Иброҳимович(41, 1:1), Андриан Рабё(59, 1:2) ва Фернандинё (79, 2:2) ба нишон расониданд. Златан Иброҳимович дар дақиқаи 14-ум зарбаи пеналтиро ба дарвозаи Ҷо Харт зада натавонист.

Апрель 7, 2016 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад