Оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Апрель 22, 2016 11:24

Душанбе, 22.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар паҳлӯи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози фаъолияти боғчаи кӯдаконаи «Ситора» иштирок кард. Кушодашавии ин боғчаи замонавӣ барои сокинони деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Ёвон имкони бештари ҷалби хурдсолон ба тарбияву таълимро фароҳам овард.
Кӯдакистон дорои шаст ҷой барои хурдсолон буда, бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин Муассиса 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар мураббӣ ба хурдсолон таълим медиҳанд. Инчунин табибони соҳибтаҷриба баҳри хидмати сифатнок ба кӯдакон ҷалб гаштаанд. Дар муассисаи томактабии мазкур 10 утоқ, аз ҷумла толори таълимӣ, варзишиву мусиқӣ, як утоқи тиббӣ, ошхона ва майдонча барои бозии кӯдакон ба фаъолият шуруъ кард.
Кӯдакистони мазкур дар заминаи бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 бо гузаронидани таъмиру тармим аз тарафи ҳукумати ноҳияи Ёвон ба маблағи 320 ҳазор сомонӣ ва 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳалӣ Баҳриддин Ҷурахонов навсозӣ шудааст. Бинои мазкур дар тӯли се моҳ ба Боғчаи кӯдакона мутобиқ гардида, бо ашёи зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.
Барои болидаруҳии хурдсолони ин даргоҳ Сарвари давлат ба ин боғча асбобҳои мусиқӣ ва оинаи нилгуни калонҳаҷм туҳфа кард.
Мавриди зикр аст, ки дар Боғчаи мазкур кӯдакон аз оилаҳои коргар, серфарзанд ва модарони бемор қабул карда шуда, ба таълим фаро гирифта мешаванд. Кӯдакон дар баробари таълиму тарбия ҳамзамон се вақт бо хӯроки гарму хуштамъ дар ошхонаи ин муассиса, ки ба таври замонавӣ сохта шудааст, таъмин мегарданд.
Боғчаи кӯдакона дар доираи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012-2016» бунёд гардидааст. Мавриди зикр аст, ки то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 7 Муассисаи томактабӣ фаъолият карда истодааст, ки фарзандони сокинони ноҳияро ба таълиму тарбия фаро мегиранд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дода, ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли наврас ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон ҳанӯз аз синни хурдӣ бояд чунин муассисаҳои замонавии томактабӣ бештар таъсис дода шаванд.
Ба ивази ин дастгириҳои Сарвари давлат ва таваҷҷуҳи хоса ба соҳаи мактабу маориф кормандони Боғчаи «Ситора» ва волидони кӯдакони хуштолеъ изҳори сипосу минатдорӣ намуданд.

Апрель 22, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар