Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

Апрель 22, 2016 11:12

Душанбе, 22.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана оғоз гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ лентаи рамзиро бурида, мактаби навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Ин муассисаи замонавии таълимӣ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷурахонов бунёд гардид.
Мактаби нав бо 640 ҷойи нишаст дар як баст бо харҷи 17 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ сохта шудааст ва аз 27 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, синфхонаи компютерӣ, 7 утоқи корӣ барои омӯзгорон, китобхона, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 240 ҷойи нишаст ва ошхона иборат мебошад. Барои машғулиятҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар назди муассиса майдони варзишии замонавӣ бо 730 ҷойи нишаст сохта шудааст. Синфхонаҳои мактаб бо таҷҳизоти навтарини таълимӣ таъмин буда, дар онҳо имконияти сатҳи баланди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ ва барои духтарон шароити созгори касбу ҳунаромӯзӣ фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити синфхонаҳои дарсӣ, китобхона, толори варзишию маҷлисгоҳ ва ошхонаи мактаб бевосита шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва имконоти зарурии машғулиятҳои амалию назариявии муассиса баҳои баланд дод.
Дар синфхонаи компютерӣ, ҳунаромӯзӣ, толори варзиш ва толори маҷлисгоҳ Сарвари давлат бо истеъдоди истифодаи технологияҳои компютерӣ аз ҷониби хонандагон, санъати навозандагию сарояндагии онҳо ва ҳунаромӯзию истеъдоди варзишии толибилмон шинос шуда, онҳоро барои боз ҳам бештар аз худ кардани илму дониши замонавӣ ва технологияҳои компютерӣ, инчунин аз худ кардани ҳунарҳои мардумӣ ва такмили маҳорати варзишии худ ҳидоят кард.
То бунёди ин муассисаи таълимӣ фарзандони сокинони деҳоти Даҳана аз нарасидани синфхонаҳо ва шароити носозгори таълиму тарбия танқисӣ мекашиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз амали неки соҳибкор Баҳриддин Ҷурахонов дар бунёди муассисаи таълимӣ ситоиш карда, онро намунаи ибрат арзёбӣ намуд.
Соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷурахонов нақша дорад дар партави дастгирию ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соҳибкорони ватанӣ аз ҳисоби даромади корхонаҳои худ дар ноҳия боз як мактаби замонавӣ бунёд намояд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълими мактаби нав дар саҳни ҳавлии он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳли маорифи ноҳия суханронӣ карда, таъмини рушди босуботи соҳаи маорифро аз тадбирҳои муҳиму меҳварии сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Апрель 22, 2016 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5А-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯри НБО «Роғун» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар баромадгоҳи нақби нақлиётии НБО «Роғун» дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳо дар обқабулкунаки доимии НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақбҳои обрасони №1 ва 2-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди НБО «Роғун» шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун хати оби нӯшокиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳи таъмиру навсозишуда аз гардиши Роғун – Оби гарм то маркази шаҳри Роғунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти роҳи Роғун-Обигарм-Нуробод оғоз бахшиданд