Ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд

Апрель 20, 2016 08:54

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ Ховар/. 16 -17 апрели соли равон олипиадаи ҷумҳуриявии даставӣ дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Ҳисор баргузор шуд.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар олимпиада 327 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз онҳо 60 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, 15 нафар соҳиби ҷойи аввал, 17 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 28 нафар соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Натиҷаҳои олимпиадаи ҷумҳуриявии даставӣ нишон дод, ки дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе бо гирифтани 9 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи 1-ум, дастаи «Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат» дар шаҳри Душанбе бо гирифтани 4 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи 2-юм, дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Таҳлили муқоисавии байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва минтақаҳо нишон дод, ки муассисаҳои таълимии вилояти Суғд бо гирифтани 16 ҷойи ифтихорӣ (7 нафар — ҷойи 1, 4 нафар дуюм ва 5 нафар ҷойи сеюм) мақоми аввал, муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо ишғоли 14 ҷойи ифтихорӣ (3 нафар — ҷойи якум, 5 нафар -дуюм ва 6 нафар ҷойи сеюм) мақоми дувум ва муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо гирифтани 6 ҷойи ифтихорӣ (1 нафар — ҷойи дуюм ва 5 нафар — сеюм) мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Ғолибони олимпиадаи бо ҷом, медалҳои рамзӣ, Ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Апрель 20, 2016 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад