Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзи илм таҷлил мегардад

Апрель 11, 2016 12:10

Душанбе, 11.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 апрел дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иди касбии олимон -Рӯзи илм ҳамоиш баргузор мегардад.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни чорабинии мазкур гузоштани гулчанбарҳо дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С.Айнӣ, Б.Ғафуров, С.Умаров ва М.Осимӣ дар назар аст.
Ҳамчунин дар ин рӯз маросими супоридани дипломҳо ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯи натиҷаи Олимпиадаи АИ ҶТ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва олимоне, ки соли равон соҳиби ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста шудаанд, доир мегардад.

Апрель 11, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст