Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ вусъат меёбад
Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Роҳу усулҳои пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии шомилгардии ҷавонон ба ташкилотҳои байналмилалии террористию экстремистӣ ва иштироки ғайриқонунии онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар» доир гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагон аз Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ гуфта шуд, ки мақсад аз роҳандозии чунин чорабинӣ, пеш аз ҳама, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






