Пешвои миллат- намунаи ибрати хизмати давлатӣ

Апрель 27, 2016 15:07

Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси ҷамъияти илмии курсантони факултаи 2-юми Академия «Ҳомии тартибот» ва иштироки донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон ва факултаи идоракунии давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-  намунаи ибрати хизмати давлатӣ» суҳбати мизи мудаввар баргузор шуд.
Дар ҷамъомад курсантону донишҷӯён дар мавзӯи «Ташаккули мактаби сиёсии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Рушди падидаи хизмати давлатӣ дар партави паёмҳои Пешвои миллат», «Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷавонон» сухан гуфта, дар атрофи мавзӯи «мизи мудаввар»  мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Мақсади «мизи мудаввар» — бедор намудани ҳисси ватандории ҷавонону донишҷӯён, худшиносии миллӣ, пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи ҳомии сулҳу субот, Пешвои миллат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шинохти Пешвои миллат ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи Тоҷикистон буд.
Иштирокдорони «мизи мудаввар» нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар байни давлатмардони таърихӣ бениҳоят бузург, таърихӣ ва сазовори қадршиносӣ дониста, иброз доштанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ хушнуд аз он ҳастанд, ки дар чунин шароити  осуда кору таҳсил менамоянд.
Ҳамаи ин маҳз бо талошу заҳматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Апрель 27, 2016 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид