Подшоҳи Арабистони Саудӣ пас аз Миср ба Туркия сафар кард

Апрель 12, 2016 11:37

Душанбе, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Малик Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар ҳамоиши Конфронси исломӣ ба Туркия сафар намуд.
Тибқи гузориши раёсати ҷумҳурии Туркия, баъд аз анҷоми мулоқоту вохӯриҳо зимни сафари расмии подшоҳи Арабистони Саудӣ ба Туркия, Малик Салмон дар 13-умин ҳамоиши исломӣ, ки бо ташаббуси Созмони ҳамкории исломӣ рӯзҳои 14-15- уми моҳи апрел баргузор мегардад, иштирок менамояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Малик Салмон қабл аз Туркия бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дошт ва гуфта мешавад ин нахустин сафари расмии ӯ ба Миср мебошад. Маҳсули ин сафар барои Миср ва Арабистони Саудӣ 24 созишнома, 9 ёддошти тафоҳум, се барномаи ҳамкорӣ ва таъсиси чанд ширкати муштарак барои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Канали Суэтс ва рушди содирот мебошад.
Аз муҳимтарин санадҳое, ки миёни Миср ва Саудӣ ба имзо расиданд, ин созишномаҳо оид ба таъсиси Фонди сармоягузорӣ ба маблағи 60 миллиард риёл ( муодили 16 миллиард доллари амрикоӣ), бунёди пул байни ду кишвар, ки Миср ва Саудиро тавассути баҳри Сурх ба ҳам мепайвандад, таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ, чанд лоиҳаи сохтмонӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ ва роҳсозӣ дар минтақаи Сайнои Миср мебошад.

Апрель 12, 2016 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд