Рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян шуд

Апрель 8, 2016 14:49

Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Бангладеш баъди қуръакашии марҳалаи плей-оффи бозиҳои интихобии «Ҷоми Осиё-2019», ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия доир шуд, рақиби дастаи миллии Тоҷикистон интихоб гардид. Бозии аввали ин дастаҳо 2 июн дар шаҳри Душанбе ва бозии ҷавобӣ 7 июн дар варзишгоҳи Бангабандҳуи Дакка баргузор мешавад.
Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш бо ҳам 8 маротиба вохӯрӣ доир кардаанд. Дар 5 бозӣ Тоҷикистон ва дар 1 вохӯрӣ Бангладеш ғалаба кардаанд. Ду бозии ин дастаҳо бо натиҷаи баробар 1:1 ҷамъбаст шудааст. Натиҷаи тӯбҳо 23 бар 5 ба нафъи тоҷикистониён мебошад. Ин дастаҳо дар бозиҳои интихобии «Ҷоми ҷаҳон-2018» дар як гурӯҳ ширкат доштанд ва футболбозони мо дар Душанбе бо ҳисоби 5:0 ғалаба карда, дар сафар натиҷаи 1:1 –ро комёб шуданд.
Дар марҳалаи аввали плей-офф 10 дастае, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил доданд, дар ду бозӣ бо ҳам қувва месанҷанд ва панҷ дастаи ғолиби марҳалаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии бозиҳои интихобии «Ҷоми Осиё-2019» роҳ меёбанд.
Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии мусобиқоти интихобии «Ҷоми Осиё-2019» роҳхат нагирад, он гоҳ боз як имконияти ба марҳалаи гурӯҳии «Ҷоми Осиё-2019» роҳхат гирифтанро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳалаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳала се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳалаи аввали плей-офф ва бо иловаи дастаи мунтахаби Бутан иштирок мекунанд. Аз ин гурӯҳ се дастаи ғолиб боз ба даври гурӯҳии бозиҳои интихобии «Ҷоми Осиё-2019» мепайванданд.
Ба ҳамин тартиб дар даври дуввуми мусобиқот Тайван–Камбоҷа, Малдив –Яман, Малайзия–Тимори Шарқӣ ва Лаос–Ҳиндустон бо ҳам рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ниҳоии «Ҷоми Осиё-2019» дар Амороти Муттаҳидаи Араб барпо мегарданд.

Апрель 8, 2016 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад