Сарбозони қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба савганди ҳарбии худ содиқ мемонанд
Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баробари ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» сарбозони Маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадӣ хизмати Модар-Ватанро сарбаландона ба итмом расонида, дар назди худ вазифа гузоштанд, ки бахшида ба идҳои миллии дарпешистода-Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободониро ба анҷом расонанд.
Тавре ки сардори марказ Баҳриддин Мӯъминҷонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ин сарбозон дар ҳудуди майдони парваришгоҳи сагҳои хизматии мактаби тайёрии кинологии Маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар як қитъаи заминҳои бекорхобида беш аз 200 бех ниҳоли ҳосилдиҳанда, аз қабили себ, шафтолу, гелос, олуча шинонида, дар 0,25 гектар растанӣ ва зироати полезии гуногун кишт карданд.
Ба гуфтаи сардори марказ, дар ин давра дар ҳудуди парваришгоҳи сагҳои хизматии мактаби тайёрии кинологӣ сарбозон аз чуқурии 17 метр оби софи ошомиданӣ бароварданд, ки он барои заминҳои корам, ниҳолҳои шинонидашуда, инчунин барои нигоҳ доштани майдони машқдиҳии сагҳои хизматӣ истифода бурда мешавад.
«Сарбозон шахсони ҷонфидо, фарзандони содиқи миллат, сипари боэътимод, пуштибони давлат ва дар умум неруи бузурги ҳимояткунандаи Ватан мебошанд. Анҷом додани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар баробари ҳифзи марзу буми кишвар аз он шаҳодат медиҳад, ки сарбозон ба Ватан, савганди ҳарбии худ содиқ ҳастанд ва содиқ мемонанд. Ин гуна кирдори афсарону сарбозон ба сарбозони навдаъватшуда барои дар сатҳи баланд давом додани хизмати ҳарбӣ намунаи ибрат аст»,- илова намуд Баҳриддин Мӯъминҷонзода.
Бояд тазаккур дод, ки дар даврони соҳибистиқлолии давлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат тамоми шароитро муҳайё намудааст, то ки сафи ҷавонони далеру ҷасур дар тамоми ҷузъу томҳо афзун гардад. Ҷавонон низ талош меварзанд, ки дар ин мактаби мардонагӣ сабақи баланди ҳарбӣ гирифта, барои ин сарзамини муқаддас хизмат намоянд.
Мавҷуда Анварӣ








Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид






