Шахсоне, ки аз насби терминалҳои электронӣ саркашӣ менамоянд, ҷарима мешаванд
Душанбе, 8.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба моддаи 615-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи ин тағйирот шурӯъ аз 1 январи соли 2017 барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисобаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз 100 то 160, ба соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз 160 то 180, ба шахсони ҳуқуқӣ аз 180 то 200 нишондиҳандаҳо барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муодил ба 40 сомонӣ буда, ҷаримаҳои пешбинигардида ба афроди дар боло зикршуда аз 4 то 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тавзеҳи моддаи 615-и Кодекси мазкур дар Парлумони кишвар гуфт, ки ин тағйирот бо мақсади таъмини талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисобаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ, ки аз 31 декабри соли 2014 вобаста ба насб ва истифодаи терминалҳоии электронӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ пешбинӣ гардидааст, ворид карда шуд.
Мавсуф зикр кард, ки қариб дар меъёрҳои амалкунанди моддаи 615- и Кодекси мазкур барои саркашӣ аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисобаробаркуниҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ нашуда буд.
Дар посух ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, ки то чӣ андоза соҳибкорони кишвар имконияти харидорӣ ва насби терминалҳои электрониро доранд ва ин ҷаримаҳои маъмурӣ оё ба онҳо вазнинӣ намекунад, раиси Кумитаи андози кишвар гуфт, ки истифодаи терминалҳои электронӣ талаботи қонун ва равандҳои ҷомеаи муосир мебошад. Дар ин самт Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ, назири Русия, Беларус, Қазоқистон ва Гурҷистон қадамҳои нахустин гузошта, омодагии ҷиддӣ мегирад. Нусратулло Давлатзода таъкид кард, ки маблағи терминалҳои электронӣ ва насби онҳо аз ҷониби андозсупорандагон пардохт карда мешавад. Тағйирот ба моддаи 615-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






