Ба одамон наздиктар. Ифтитоҳи марказҳои нави хизматрасонии МегаФон Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 нуқтаи нав дар соли 2025 шабакаи чаканаи ширкати «МегаФон Тоҷикистон»-ро пурра намуданд. Мақсад – то ҳадди имкон дастрас гардонидани телеком-хизматрасониҳо барои сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ҳамин тавр муштариён имкон доранд, ки SIM-кортҳо ба даст оранд, тарофаҳои муфид пайваст намоянд, ҳисоби худро пур кунанд ё аз мутахассисон аз ҳудуди хонаи худ дур нарафта, машварат гиранд.
Нуқтаҳои фурӯш аз рӯи анъана дар маконҳои барои мизоҷон муносиб ҷой гирифтаанд. Масалан, дар Душанбе нуқтаи нави хизматрасонӣ дар ноҳияи Сино, дар назди марказҳои бузурги савдо ва истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойгир мебошад. Чунин макони ҷойгиршавӣ истифодаи онро ҳам барои сокинон ва ҳам барои меҳмонон мувофиқ менамояд. Маҳз аз рӯи ҳамин принсип маконҳои ҷойгиршавӣ барои идораҳо дар шаҳрҳои Бохтар, Ваҳдат, Конибодом, Кӯлоб ва Тунсунзода, ноҳияҳои Ҷалолуддини Балхӣ, Восеъ, Дӯстӣ, Кушониён, Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ашт ва Спитаменти вилояти Суғд интихоб карда шуданд.
«Барои мизоҷони мо ҳар толори нав – боз як имконият барои дастрас кардани хизматрасонии босифат дар вақти муносиб ва макони мувофиқ маҳсуб мешавад. Мо хостори онем, ки технологияҳои муосир ба одамон ҳар рӯз бе маҳдудияти масофа ва вақт кумак расонанд», — мегӯяд директори амалиётии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Илдар Салихов.
То охири сол оператор ифтитоҳи идораҳоро ҳамчунин дар ноҳияҳои Файзобод ва Рӯдакӣ, ки дар онҳо аллакай корҳои омодасозӣ ҷараён доранд, ба нақша гирифтааст.
Суроғаҳои толорҳои наве, ки соли 2025 кушода шуданд, дар ҷадвали зерин дарҷ гардидаанд:
«МегаФон Тоҷикистон» – алоқае, ки дар ҳар куҷое набошед, ҳамеша ҳамроҳи шумост!
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»









Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






