Шашумин Суперҷоми «истиқлолиҳо»

Апрель 4, 2016 09:22

Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлол»-и Душанбе дирӯз дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дар баробари «Хуҷанд»-и Хуҷанд барои комёб шудан ба Суперҷоми Тоҷикистон дар соли 2016 вориди майдон шуд ва бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард.
Ҳавои боронӣ ва майдони сероб ба бозии ҳар ду даста таъсири худро расонида бошад, ҳам тамошобинон аз ҳунарнамоии ҳар ду даста қаноатманд шуданд. Тақрибан 4 000 мухлис ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, ҳар ду дастаро ташвиқу тарғиб мекарданд.
Легионери украинии дастаи Истиқлол Александр Каблаш дар ин рақобат аз ҳама беҳтар буд ва маҳз тавассути ду голи задааш «Истиқлол»-ро ба муроду мақсад расонд. Тӯби аввалинаш дар дақиқаи 13 ум ва дуввумаш дар дақиқаи 82-ум вориди дарвоза шуд. Як голи дигарро аз дастаи «Истиқлол» муҳофизатгари даста Давронҷон Эргашев ба ҳадаф расонд.
Аз дастаи «Хуҷанд» Фарҳод Тоҳиров (11-метра) ва Дилшод Каримов муаллифи голҳо шуданд.
Дар поёни мусобиқа роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат, ФФТ ва шаҳри Турсунзода ба ғолибон Суперҷом ва медалҳои тиллою нуқраро ҳадя карданд.
Бозингари беҳтарини вохӯрӣ Александр Каблаш, легионери «Истиқлол» эълон гардид. Ба ҳамин тариқ «Истиқлол» маротибаи шашум соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Апрель 4, 2016 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид