Силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ

Апрель 5, 2016 11:39

Душанбе, 05.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 3 апрели соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи Ирам»- и шаҳри Душанбе силсилаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд.
Дар баробари чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ба сокинон ва меҳмонони пойтахт инчунин гӯшаҳои сайёҳӣ ва намоиши маҳсулоти ҳунармандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла армуғонҳо барои сайёҳон пешниҳод карда мешаванд.
Ҳадафи тадбирҳои мазкур мусоидат намудан ба рушди туризм, муаррифии имкониятҳои туризми дохилӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, ҷалби таваҷҷӯҳи доираи васеи мардум ба соҳаи сайёҳӣ, фаъол гардондани хатсайрҳои туристӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, чеҳраҳои ҷавон ва ба ин васила тақвият додани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки чунин чорабиниҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе то охири сол баргузор карда мешаванд.

Апрель 5, 2016 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон