Сохтмони беморхонаи сироятӣ дар шаҳри Панҷакент

Апрель 23, 2016 10:38

Панҷакент, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи барномаи  вилояти Суғд оид ба эълони  «Соли 2016 — Соли фарди солим» дар муассисаҳои тиббии шаҳри Панҷакент нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ шуда, барои амалӣ шудани барнома тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар семоҳаи аввали соли 2016 шуъбаи эҳёи Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент навсозӣ шуда, пойгоҳи ёрии таъҷилӣ таъмиру таҷдид гардид.
Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр дар таваллудхонаи марказӣ 40 кат бо лавозимоти зарурӣ таъмин шуд ва ҳоло сохтмони хонаҳои саломатӣ дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ, деҳаи Мармари ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва деҳаи Авазалии ҷамоати деҳоти Саразм идома дорад.

Апрель 23, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Лаҳистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ Рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд
«ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН». Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии таъсиси ҲХДТ озмун доир мегардад
Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоиши «Рустам ва Деви сафед»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид