Суғд: Дар семоҳаи аввал ба 14 давлати ҷаҳон маҳсулот содирот шудааст

Апрель 19, 2016 11:48

Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд давоми семоҳаи аввали соли равон ба миқдори 174,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Ҳаҷми маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 миллион сомонӣ ё 25,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ба маблағи 24 миллион сомонӣ маҳсулот ба 14 давлати хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он тамоюли афзоиш дошта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Илова бар ин зикр кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар давраи ҳисоботӣ ба 57,3 миллион сомонӣ расонида шуда, саҳми он дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр (бе назардошти тақсимоти қувваи барқ, гази табиӣ, истеҳсол ва тақсимоти об) 35,5 фоизро ташкил медиҳад.

Апрель 19, 2016 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад