Суғд: ташкили 90 мулоқот аз ҷониби Ситод оид ба тавзеҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар

Апрель 12, 2016 17:42

Хуҷанд, 12.04.2016 /АМИТ “Ховар”/. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ дар ташкилоту мақомоти идоравии вилояти Суғд мутобиқ ба тарҳрезии нақшаи чорабиниҳои мушаххас корҳои назаррас ба анҷом мерасанд. Бо ин мақсад дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ситоди фаъол таъсис дода шуд.
Тавре роҳбари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, то ба имрӯз аз ҷониби ситоди фаъоли вилоятӣ 90 мулоқот ташкил карда шудаанд. Чунин вохӯрии судманд доир ба мавзӯи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ воридшаванда, пурзӯр намудани назорат аз болои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва иҷрои як қатор қонуну қарорҳои амалкунанда бо фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов доир гардид.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки зимни баргузории раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон доир мегардад, ба 40 банди Конститутсияи (Сарконуни) ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд, ки ин такозои замон буда, барои баланд бардоштани некуаҳволии сокинони кишвар, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҳуқуқи шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Дар ҷамъомад байни иштирокдорон оид ба ҷилавгирии зуҳуроти номатлуб, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва садоқат ба Ватан мубодилаи афкор сурат гирифт. Аъзои ситод аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, то дар маъракаи мухим-раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Апрель 12, 2016 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад