Супоридани таҷҳизоти техникӣ аз ҷониби Лоиҳаи «TB REACH»

Апрель 25, 2016 15:35

Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Шифои шаҳри Ваҳдат маросими  натиҷагирӣ аз фаъолияти Лоиҳаи  TB REACH(Дарёфти саривақтии беморони сил) ва супоридани таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла компютеру телевизор ва яхдонҳо барои Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина» доир гардид. Натиҷаҳо ва қаноатмандии кормандон гувоҳи он аст, ки лоиҳаи мазкур  дар доираи фаъолияташ тавонист ба ҳадафи худ расад. Лоиҳаи  «TB REACH» бо дастгирии Филиали шоҳигарии Нидерланд оид ба мубориза бар зидди бемории сил дар чаҳорчӯбаи  «Шарикии боздошти сил бо маблағгузории фонди Канада оид ба рушди байналмилалӣ» фаъолияти худро дар 11 ноҳияи ҷумҳурӣ аз 3 июни соли 2014 то 31 марти соли равон идома дод.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ Фотима Ғоибова, ҳадафи  асосии ин Лоиҳа, ҷустуҷӯи беморон ва дарёфти саривақтии онҳо буда, бо  ин мақсад пешниҳоди роҳҳои  ташхиси барвақтӣ ва табобат дар марҳилаи аввал тавассути вохӯриву мизҳои мудаввар ва суҳбат бо аҳолии ин ноҳияҳо ба даст омадааст.
Ба гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа асосан муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамчун гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва аҳли хонаводаи онҳо шомил буданд. Ба сифати  шарикон дар амалисозии  лоиҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил», Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони байналмилалии муҳоҷират,  ҳукуматҳои маҳаллӣ  ва ташкилотҳои ҷамъиятии байналмилалию маҳаллӣ шомил буданд, ки ҳар яке дар амалишавии ҳадафҳои лоиҳа саҳми худро гузоштанд. Албатта, кори асосӣ бо кумаку ҳамкории кормандони тиб дар маҳалҳо сурат гирифта, дар ин доира ба кормандони муассисаҳои тиббӣ низ кумаки зиёд расонида шуд. Ҳамчунин гузаронидани вохӯриву суҳбатҳо  дар маҳалли зист бо шаҳрвандон ба он мусоидат намуд, то нафарони  гумонбар ба бемории сил  ҳарчи бештар ба муассисаҳои тиббӣ барои ташхис фиристода шаванд. Дар ташхисгоҳҳо технологияи инноватсионии замонавӣ барои дарёфти беморӣ ва дастгоҳи муайянкунандаи шакли мутобиқгаштаи сил «Генэксперт» истифода шуда,  дар давоми 2 соат метавонад гирифторшавӣ ба  бемории сил ва шакли онро муайян созад. Ҳол он ки чанд сол қабл барои чунин ташхисҳо аз 2 то 6 моҳ лозим буд.
Доираи фаъолияти Лоиҳаи «TB REACH» (Дарёфти саривақтии беморон), 404 ҳазору 539 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳоро дарбар гирифта, аз ин шумора 9 ҳазору 935 нафар нишонаҳои шабеҳ ба бемории сил дошта, ба ташхис фаро гирифта шуданд ва дар натиҷа 1 ҳазору 452 ҳодисаи дарёфти бемории сил ба қайд гирифта шуд.
Инчунин се корманди беҳтарини соҳаҳои мубориза бо бемории сил ва КАТС дар ҷашнгирии Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил бо сипосномаву мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Барои беҳтар кардани шароити ташхису табобат, дастгирии кормандони соҳаи мубориза бар зидди  сил ва фаъолияти босамари онҳо аз ҷониби лоиҳа ба муассисаҳои тиббии дахлдор таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 171 ҳазору 120 сомонӣ ва ҷиҳози  коргоҳҳо ба маблағи 110 ҳазору 934 сомонӣ дастрас карда шудааст.

Апрель 25, 2016 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд