Тақдими туҳфаҳо ба беҳтарин китобдорони Хатлон

Апрель 12, 2016 10:15

Қурғонтеппа, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Даври ҷамьбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» аз ҷониби Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Орумбекзода баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар чорабинии ҷамъбастии озмун намояндагони вилояти Хатлон аз шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Норак, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ иштирок намуда, соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Беҳтарин китобдорон ва хонандагони фаъоли китобхонаҳои вилоят сазовори 5 нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», 4 Диплом ва 2 «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Апрель 12, 2016 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд