Таҳкими равандҳои соҳибкории дорои тамоюли содиротӣ ва ивазкунандаи воридот

Апрель 25, 2016 17:15

Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Масъалаи   таҳкими равандҳои соҳибкории тамоюли дорои содиротӣ ва ивазкунандаи воридот дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Ин нукта зимни конфронси илмӣ, ки таҳти унвони «Соҳибкории тамоюли содиротидошта ва ивазкунандаи воридот: вазъи муосир ва рушди инноватсионӣ» дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати пойтахт доир гардид, иброз гардид.
Муовини  ректори донишкада оид ба корҳои таълим Самариддин Низомов иброз дошт, ки истифодаи иқтидорҳои дохилии мамлакат ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ватании ба рақобат тобовар ва ба бозори ҷаҳонӣ таҳвил додани он аз муҳимтарин паҳлуҳои сиёсати давлат ва ҳукумати мамлакат мебошад. Маҳз бо ворид намудани иқтидорҳои захиравии ҷумҳурӣ ба истеҳсолот мо метавонем ба бунёди ҷойҳои  корӣ ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат замина гузорем.
Дар конфронс инчунин ба масъалаҳои ташаккули сиёсат дар самти  ивазкунии воридот дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи низоми баҳисобгирии хароҷот аз рӯи функсия (АВС) дар ҷараёни буҷетикунонии амалиётӣ ва самтҳои асосии натиҷаи таҳаввулоти бозорӣ дар кишварҳои Аврупо диққат дода шуд.

Апрель 25, 2016 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад