Таҳкими равандҳои соҳибкории дорои тамоюли содиротӣ ва ивазкунандаи воридот
Душанбе, 25.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Масъалаи таҳкими равандҳои соҳибкории тамоюли дорои содиротӣ ва ивазкунандаи воридот дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Ин нукта зимни конфронси илмӣ, ки таҳти унвони «Соҳибкории тамоюли содиротидошта ва ивазкунандаи воридот: вазъи муосир ва рушди инноватсионӣ» дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати пойтахт доир гардид, иброз гардид.
Муовини ректори донишкада оид ба корҳои таълим Самариддин Низомов иброз дошт, ки истифодаи иқтидорҳои дохилии мамлакат ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ватании ба рақобат тобовар ва ба бозори ҷаҳонӣ таҳвил додани он аз муҳимтарин паҳлуҳои сиёсати давлат ва ҳукумати мамлакат мебошад. Маҳз бо ворид намудани иқтидорҳои захиравии ҷумҳурӣ ба истеҳсолот мо метавонем ба бунёди ҷойҳои корӣ ва боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат замина гузорем.
Дар конфронс инчунин ба масъалаҳои ташаккули сиёсат дар самти ивазкунии воридот дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи низоми баҳисобгирии хароҷот аз рӯи функсия (АВС) дар ҷараёни буҷетикунонии амалиётӣ ва самтҳои асосии натиҷаи таҳаввулоти бозорӣ дар кишварҳои Аврупо диққат дода шуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






