TM-International дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон намоишгоҳ баргузор менамояд
Душанбе, 15.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 15 донишгоҳи бонуфузи кишварҳои ҷаҳон, назири Амрико, Олмон, Британияи Кабир, Малайзия, Кипр дар 18-умин намоишгоҳи байналмилалии таълимӣ, ки аз 19 то 23 апрел дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон доир мегардад, ширкат менамоянд.
Намоишгоҳи мазкур бо ибтикори ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия — TM-International дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ин намоишгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа ва Хуҷанд гузаронида шуда, донишҷӯён ва хоҳишмандон имкон доранд бо усулҳои таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ шинос гарданд ва ҳангоми суҳбат бо намояндагони донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ оид ба сатҳу сифати таҳсил дар ин кишварҳо иттилои бештар пайдо намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






