Тоҷикистон дар рӯйхати сегонаи аввали кишварҳои зудрушдёбанда дар соҳаи сайёҳӣ
Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба қатори сегонаи аввали кишварҳои зудрушдёбанда дар бахши сайёҳӣ ворид шудааст. Дар ин бора сомонаи интернетии «Вокруг света» (www.vokrugsveta.ru) хабар пахш карда, чунин менависад: «Парагвай, Тоҷикистон ва Ниуэ дар асоси маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ вобаста ба натиҷаҳои соли 2015 аз ҳама бештар ҳамчун кишварҳои зудрушдёбанда дар бахши сайёҳӣ эътироф шудаанд».
Дар рӯйхати мазкур баъд аз сегонаи аввал кишварҳои Ҷопон, Исландия, Босния ва Гертсеговина, Панама, Таиланд, Чили ва ҷазираҳои Сейшел ворид шудаанд. Дар хабар омадааст, ки соли 2015, теъдоди 414 ҳазор сайёҳон аз кишварҳои гуногуни олам вориди Тоҷикистон шудаанд, ки ин нишондод нисбат ба соли қаблӣ 94 фоиз зиёд мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






