Тоҷикистон дуюмин кишвари дунёст, ки туризмаш дар ҳоли рушд аст

Апрель 26, 2016 11:44

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Созмони ҷаҳонии туристӣ, ки як ниҳоди вобаста ба СММ мебошад, дар як гузориши тозаи худ, ки бар асоси таҳлилҳои соли 2015 натиҷагирӣ кардааст, Тоҷикистон, Парагвай — кишвари Амрикои ҷанубӣ ва Ниуэ, кишвари шоҳигарии Зеландияи Навро се кишваре донистааст, ки сайёҳӣ дар онҳо бо суръати хеле баланд рушд мекунад.
Тоҷикистон аз нигоҳи рушди сайёҳӣ дар миёни ин се кишвар дар ҷои дуввум қарор дорад. Дар ин гузориш омадааст, соли 2015 ба Тоҷикистон 414 ҳазор сайёҳ ворид шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 94 дарсад бештар аст.
Ин созмон сабаби таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин кишварро дар кӯҳҳои сарбафалаки Бадахшон ва пайкараи Буддо донистааст.
Шоҳроҳи маъруфи Абрешим аз ҳудуди ин кишвар мегузарад. Дар Душанбе бузургтарин пайкараи қадими Буддо нигаҳдорӣ мешавад, ки ҳар сайёҳ талоши дидани онро мекунад.
Сиёсати дарҳои кушод, сохтмони шоҳроҳҳо, нақбҳо, ободии ватан ва рушди инфрасохтор, тинҷию оромӣ ва дигар тадбирҳои андешида дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ин васила, мустаҳкам кардани нуфузи кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи туристӣ таъсири калон мерасонад.
Соли 2015 барои туризми Тоҷикистон соли бобарор буд ва оид ба саёҳати донишҷўӣ ва мактабӣ, инчунин муаррифии имкониятҳои туристӣ бештар аз 200 чорабинии мақсаднок барпо гардид.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 барои татбиқи босамар ва босифати сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ва беҳтар сохтани фазои фаъолият дар ин самти муҳими иқтисодӣ корҳои муайянеро анҷом додааст.
Дар семоҳаи якуми соли 2016 баҳри дар амал татбиқи «Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009- 2019» ва «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» барои муаррифии имкониятҳои туристии кишвар ва ҷалби ҷомеа ба ин соҳаи муҳими иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Кумита 76 адад чорабинии таблиғотию ташвиқотӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ дар сатҳи маҳал, минтақаҳо, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир карда шуд.
Тибқи нишондиҳандаҳои омории бозори туристӣ, дар давраи солҳои 2010 то 2015 дар ҷумҳурӣ тамоюли устувори баландшавии гардиши туристӣ ба назар мерасад.
Ҷуғрофияи ташрифот низ сол то сол васеъ гашта, ҷамъ бо тариқи инфиродӣ ва муташаккилона солҳои охир намояндагони беш аз 80 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун турист боздид кардаанд.
Дар семоҳаи якуми соли 2016 ба кишвар 89 101 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд. Аз ин нишондод 73 200 нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ мегарданд.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 9880 нафар турист зиёд мебошад.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва муаррифии ҳарчи бештари мавзеъҳои диққатҷалбкунанда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар самти мустаҳкам намудани заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа ҳоло таҳияи қонуни туризми дохилӣ дар баррасии Парлумони кишвар қарор дорад.
Дар партави дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон боварии комил дорем, ки мавсими туристӣ дар соли равон ба шумораи зиёд гардидани сайёҳон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди инфрасохтори соҳа ва муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати осоишта барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Апрель 26, 2016 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд