Тренинг: «Моҳияти маълумоти кушода дар рушди хизматрасониҳои электронӣ»
Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/ . Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ оид ба «Моҳияти маълумоти кушода дар рушди хизматрасониҳои электронӣ» аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет» оғоз гардид.
Тренинг тӯли 5-рӯз идома ёфта, дар он зиёда аз 60 намояндаи вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ, рӯзноманигорони сомонаҳои интернетӣ ва ташкилоти байналмилалию ҷамъиятӣ иштирок менамоянд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ ин таҳкими тавонмандии кормандони давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои истифодаи самараноки маълумоти кушода дар рушди хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Дар раванди тренинг иштирокчиён таҷрибаи ватании хизматрасониҳои электрониро баррасӣ намуда, омилҳои бобарори рушди ҳукумати электрониро арзёбӣ менамоянд.
Бояд гуфт, ки доир намудани чунин тренинги омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаю маҳорати кормандони соҳаи хизматрасониҳои электронӣ, таҳкими мавқеи минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва стратегии кишвар мусоидат хоҳад кард.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






