Дзюдо: кай соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпӣ мешавем?

Апрель 4, 2016 16:19

Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия фурсати кам боқӣ мондааст, аммо то ҳанӯз паҳлавонони тоҷик дар риштаи дзюдо, ки умедворӣ ба иштироки се паҳлавон дар он меравад, роҳхатеро ба даст наовардаанд. Дар рақобатҳои Шоҳ-ҷоизаи Туркия, ки аз 1 то 3 апрел дар шаҳри Самсун баргузор шуд, се паҳлавони кишварамон  — Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ширкат варзида, дар вазнҳои худ ба мағлубият дучор шуданд.

Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 килограмм дар даври аввал бар Франк Де Вит аз Ҳолланд ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 килограмм дар ҳамин поя бар Витсензо Дарко аз Италия ғолиб омада натавонистанд. Танҳо ба Муҳаммадмурод Абдураҳмонов  дар вазни беш аз 100 кило муяссар шуд, ки  дар даври аввал Мишел Ҳоракро аз Ҷумҳурии Чех шикаст диҳад ва дар даври дуввум аз  Давид Моура аз Бразилия мағлуб гардад.

Тибқи омори Федератсияи байналмилалии дзюдо, алҳол Комрони Устопирён, ки дар миёни паҳлавонони вазни худ дар зинаи 13-уми ҷаҳонӣ ҷойгир аст, барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон имкони бештар дорад.

Дар пеш мусобиқаҳое ҳастанд, ки пирӯзӣ дар онҳо метавонад паҳлавонони моро ба сӯи Олимпиадаи Рио раҳнамун созад.

Апрель 4, 2016 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад