Қурғонтеппа: оғози бозиҳои варзишии мактаббачагон

Апрель 27, 2016 10:02

Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 13 апрел то 14 майи соли равон  бозиҳои варзишии мактаббачагон оғоз гардид.
Қаҳрамон  Бобохонов,  котиби матбуотии  мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  дар ин бора хабар дода, зикр намуд, ки бозиҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардида, дар он хонандагон аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва гӯштини миллӣ байни ҳам қувва меозмоянд. Ғолибони озмун бо ҷом, диплому ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти ичроияи хокимияти давлатии шаҳр мукофотонида мешаванд.
-Ҳадаф аз баргузории бозиҳои варзишии мактаббачагон  рушди варзиш, густариши дӯстию рафоқат ва солимгардонии наврасону ҷавонон аст,- таъкид намуд Қ.Бобохонов.

Апрель 27, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад