Вакилони шаҳрӣ Озода Раҳмонро номзад ба узвияти ММ МО ҶТ пешбарӣ карданд

Апрель 15, 2016 10:20

Душанбе, 15.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Озода Раҳмон-роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вакилони Маҷлиси шаҳрӣ дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Маҷлиси миллӣ -палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон маҳсуб шуда, 33 аъзо дорад. 25 аъзои Маҷлиси миллӣ тавассути овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд.
8 нафар аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат аз ҷониби Президенти кишвар таъйин гардида, нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Каҳҳор Маҳкамов узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад.

Апрель 15, 2016 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид