Варзишгарони тоҷик аз Лаҳистон бо медал баргаштанд
Хуҷанд. 8.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бигдоши Ҷумҳурии Лаҳистон Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши «карате До» бо иштироки намояндагони 98 давлати ҷаҳон доир гардид. Дар мусобиқоти мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро се нафар варзишгарон — каратечиён аз вилояти Суғд муаррифӣ намуданд.
Тавре Муҳсин Юсупов, масъули Хадамоти иттилоотии Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд ба хабарнигори АМИТ “Ховар” хабар дод, се тан варзишгарони тоҷик-курсанти соли аввали Академияи ВКД Омон Очилов дар вазни 84 кг, Далер Баротов дар вазни 60 кг ва Соҳибҷон Шомуродов дар вазни 25 кг, бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ соҳиби медалҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, О. Очилов зимни қуввасанҷӣ бар се ҳарифи худ дастболо гардида, ба гирифтани ҷои аввал ва медали тилло сазовор гардид.
Ду варзишгари дигар, Далер Баротов ва Соҳибҷон Шомуродови 8- сола низ маҳорату чолокии хуб нишон дода, ба гирифтани медалҳои нуқра ва биринҷӣ соҳиб гаштанд.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






