28 ҲАЗОР ҶАВОНОН САФИ ДОНИШҶӮЁНРО ПУРРА МЕКУНАНД

Август 17, 2009 10:25

                         Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои омории Вазорати маориф соли таҳсили 2008 — 2009 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишварро 90 ҳазору 550 нафар хонандагон хатм намуданд. Аз ин ҳисоб 37 ҳазору 802 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.                        Шумораи хатмкунандагони вилояти Хатлон 33 ҳазору 893 нафар буда, 14 ҳазору 145 нафарашон духтарон ва 19 ҳазору 748 нафарашон писарон мебошанд.Дар вилояти Суғд бошад соли таҳсили 2008 — 2009 -ро 27 ҳазору 42 нафар хатм намуд, ки 13 ҳазору 340 нафарашон духтарон мебошанд.                        Ҳамчунин 20 ҳазору 613 нафар мактабҳои таълимоти ҳамагонии НТҶ ва ВМКБ — ро хатм намуданд.                         Аз шумораи умумии хатмкунандагон 28 ҳазорашон ба мактабҳои олии кишвар ва дигар коллеҷу омӯзишгоҳҳо дохил хоҳанд шуд. Боқимонда қувваи кориест, ки ба ҷомеа пайваста, дар талоши зиндагӣ баҳри пайдо кардани мақоми худ ба истеҳсолот хоҳанд рафт. 

Август 17, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад