52 хонандаи мактаби Ш.Шоҳин ва 10 хонандаи шаҳри Ваҳдат заҳролуд шуданд
Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи саломатии 52 хонандаи мактаби ҳамагонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, собиқ ноҳияи Шӯроободи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рӯзи 27 май якбора бад шуда, ҳамаи онҳо ба маркази саломатии Хоҷағалтон ва баъдан ба беморхонаи марказии ноҳияи мазкур расонида шудаанд. Сабаби ин қазияро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гузаронидани корҳои беҳдоштию безараркунӣ дар ҳудуди мактаб маънидод кард.
«Тибқи маълумоти мақомоти тандурустии ноҳияи Ш.Шоҳин як рӯз пеш дар ҳудуди мактаб корҳои беҳдоштию безараркунӣ гузаронида шуда буданд. Ҳангоми гузаронидани корҳои безараркунӣ ягон хел қоидаҳои бехатарӣ пешниҳод нашудаанд. Аз ҳамин сабаб 52 хонанда бо нишонаҳои дарди сар, қайкунӣ ва беҳолӣ ба муассисаҳои табобатӣ муроҷат намуданд. Муайян карда шуд, ки ҳангоми корҳои беҳдоштӣ маводи кимиёвии алфасиперметрин ва нурел д истифода шудаанд. Мақсад аз истифодаи ин мавод безараркунӣ ва дезинфексия мебошад, зеро бо гарм шудани ҳаво чунин корҳо бояд зуд- зуд гузаронида шаванд»,-илова намуд Н.Ҷаъфаров.
Тавре ки маълум гардид, пас аз муоинаи хонандагон 7 нафар бо нишонаи заҳролудшавии вазниниаш миёна ба қайд гирифта шуда, дар беморхона то 28 май нигоҳ дошта шуданд. Боқимонда дар ҳолати миёна ва хуб худи ҳамон рӯз ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
«Аз ин ҳодиса мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия огоҳӣ дошта, дигар мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд»,-зикр намуд муовини вазири тандурустӣ.
Ҳодисаи дигаре, ки ҳафтаи гузашта рух дод, аз ҳуш рафтани хонандагони синфҳои болоии мактаби миёна, воқеъ дар деҳоти Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат бо нишонаҳои заҳролудшавии умумии бадан, аз ҷумла бо аломатҳои дилбеҳазурӣ ва қайкунӣ буд.
«10 нафар хонандагони синфҳои болоӣ бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Ҳангоми ташхис муайян шуд, ки ин заҳролудшавии ғизоӣ нест. Ҳангоми пурсиш муайян карда шуд, ки хонандагон як намуд гули саҳроиро ба синфхона оварда, онро бӯй кардаанд. Аз сабаби ҳассосияти баланд 10 нафар ба заҳролудшавии умумии бадан мубтало гаштаанд. Муайян шуд, ки ин гул лолаи саҳроӣ будааст. Дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд. Ин ҳодиса рӯзона соати 10 — 45 рух дода, бегоҳ ҳамаи 10 нафар зарардида бо ҳолати хуб ба хона ҷавоб дода шуданд. Ҳамаи ин нафарон зери назорати духтурони минтақавӣ қарор доранд. То ҳол ягон ҳолати ба таври илова муроҷиат кардани ин беморон нарасидааст»,-зикр кард Н.Ҷаъфаров.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, солҳои пеш чунин ҳодиса, ки як гурӯҳ хонанда дар мактабҳо заҳролуд шуда бошанд, ба қайд гирифта нашудааст.
«Ҳамаи нафарони заҳролудшуда дар муассисаҳои тиббӣ пурра муоина шуда, тамоми намуди ташхисро гузаштанд ва даруни ҳар нафарашон бо маводи безараркунӣ тоза карда шуд»,-афзуд Н.Ҷаъфаров.
Л. Қосимова








Дар ноҳияи Лахш бо усули «Деҳа ба деҳа» ва «Маҳалла ба маҳалла» суҳбату вохӯриҳо доир гардид
Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав барои давраи тирамоҳу зимистон омода карда шуданд
Имрӯз дар доманакӯҳои Тоҷикистон ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД. Аз 2 то 5 ноябр дар Тоҷикистон борону барф пешгӯӣ мешавад
«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард
САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ беш аз 92 фоиз иҷро шуд
Хонандагони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар се озмун ҷойи якум гирифтанд
Эҳтиром ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо вазифаи ҷониву виҷдонии ҳар шаҳрванд аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, шанбе, 305-умин рӯзи соли 2025 аст






