52 хонандаи мактаби Ш.Шоҳин ва 10 хонандаи шаҳри Ваҳдат заҳролуд шуданд

Май 31, 2016 08:01

Душанбе, 31.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Вазъи саломатии  52 хонандаи мактаби ҳамагонии  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, собиқ ноҳияи Шӯроободи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон рӯзи 27 май якбора бад шуда,  ҳамаи онҳо ба  маркази саломатии Хоҷағалтон ва  баъдан ба беморхонаи  марказии ноҳияи мазкур расонида шудаанд. Сабаби ин қазияро  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар  Наврӯз Ҷаъфаров  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гузаронидани  корҳои беҳдоштию  безараркунӣ  дар ҳудуди мактаб маънидод кард.
«Тибқи маълумоти мақомоти тандурустии ноҳияи Ш.Шоҳин  як рӯз пеш дар ҳудуди мактаб корҳои беҳдоштию безараркунӣ гузаронида шуда буданд. Ҳангоми гузаронидани корҳои безараркунӣ ягон  хел қоидаҳои бехатарӣ пешниҳод нашудаанд. Аз ҳамин сабаб  52 хонанда  бо нишонаҳои дарди сар, қайкунӣ ва беҳолӣ ба муассисаҳои табобатӣ муроҷат намуданд. Муайян карда шуд, ки ҳангоми корҳои беҳдоштӣ маводи кимиёвии алфасиперметрин ва нурел  д истифода шудаанд. Мақсад аз истифодаи ин мавод безараркунӣ ва дезинфексия мебошад, зеро бо гарм шудани ҳаво чунин корҳо бояд зуд- зуд гузаронида шаванд»,-илова намуд Н.Ҷаъфаров.
Тавре ки маълум гардид, пас аз муоинаи хонандагон 7 нафар бо нишонаи заҳролудшавии вазниниаш миёна ба қайд гирифта шуда,  дар беморхона то 28 май нигоҳ дошта шуданд. Боқимонда дар ҳолати миёна ва хуб худи ҳамон рӯз ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
«Аз ин ҳодиса мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия огоҳӣ дошта,  дигар мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки барои пешгирии чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ  андешанд»,-зикр намуд муовини вазири тандурустӣ.
Ҳодисаи дигаре, ки  ҳафтаи гузашта рух дод, аз ҳуш рафтани хонандагони синфҳои болоии мактаби миёна, воқеъ дар деҳоти  Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат бо нишонаҳои заҳролудшавии умумии бадан,  аз ҷумла бо аломатҳои дилбеҳазурӣ ва қайкунӣ буд.
«10 нафар хонандагони синфҳои болоӣ бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхона бистарӣ шуда буданд. Ҳангоми ташхис муайян шуд, ки ин заҳролудшавии ғизоӣ нест. Ҳангоми пурсиш муайян карда шуд, ки хонандагон як намуд гули саҳроиро  ба синфхона оварда, онро бӯй кардаанд.  Аз сабаби ҳассосияти баланд 10 нафар ба заҳролудшавии умумии бадан мубтало гаштаанд.  Муайян  шуд, ки ин гул лолаи саҳроӣ будааст.  Дар ин самт корҳои тафтишотӣ идома доранд.  Ин ҳодиса  рӯзона соати 10 — 45 рух дода, бегоҳ ҳамаи 10 нафар зарардида бо ҳолати хуб ба хона  ҷавоб дода шуданд. Ҳамаи ин нафарон зери назорати духтурони минтақавӣ қарор доранд. То ҳол ягон ҳолати ба таври илова муроҷиат кардани ин беморон нарасидааст»,-зикр кард Н.Ҷаъфаров.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, солҳои пеш чунин ҳодиса, ки  як гурӯҳ хонанда дар мактабҳо  заҳролуд шуда бошанд, ба қайд гирифта нашудааст.
«Ҳамаи нафарони заҳролудшуда дар муассисаҳои тиббӣ пурра  муоина шуда, тамоми  намуди  ташхисро гузаштанд ва даруни ҳар нафарашон  бо маводи безараркунӣ тоза карда шуд»,-афзуд Н.Ҷаъфаров.

Л. Қосимова

Май 31, 2016 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд