55- солагии фаъолияти эҷодии У. Раҷабов ва 25 -солагии театри «Ойина» ҷашн гирифта мешавад

Май 20, 2016 15:41

Душанбе, 20.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  дар «Кохи Борбад» 23 майи соли  равон  ҷашни 25-солагии Театри намунавии миниётураи «Ойина» ва 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов  баргузор мегардад.
Театри намунавии миниётураи «Ойина» соли 1991 бо ташаббуси ҳунарманди  шинохтаи тоҷик  Убайдулло Раҷабов таъсис  ёфтааст. Дар  саҳнаи он  ҳунармандони  маъруфи соҳаи ҳаҷв — С. Мардонов, Р.Қурбониён, А.Раҳматуллоев, Т.Саидова, А.Муродов, О.Қодиров ва дигарон нақш офарида,  бо намоишномаҳои дилписанд, аз ҷумла  мазҳакаҳои «Ҷазираи беодам»,  «Санҷиш», «Вохӯрӣ», «Ватан -Модар, «Лингвист», «Дар таваллудхона»   ва ғайраҳо   ба дили тамошобинон роҳ ёфтааст.
Намоишномаҳои мазҳакавии  «Дузд», «Мактуб», «Кворум» ва «Рӯзи таваллуд», ки муаллифи онҳо   Убайдулло Раҷабов мебошад, репертуари Театри «Ойина»-ро боз ҳам рангинтар сохтаанд.
Хотиррасон менамоем, ки Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи   халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» буда,  бо нақшҳои муассир ва ҳаҷви фаромӯшнопазираш  миёни мардуми Тоҷикистон маъруфият пайдо намудааст. Мардум бештар ӯро бо ҳаҷвҳои намакинаш шинохтаанд.
Солҳои охир бештари барномаҳои бузурги ҷашние, ки дар толору майдонҳои ҷумҳурӣ  омода мешаванд, маҳсули завқу заҳмати ин марди ҳунар аст.
Убайдулло Раҷабов  тӯли фаъолияти 55- солаи эҷодиаш  шогирдони зиёдеро дар   соҳаи ҳаҷв тарбия намудааст ва   ҳоло ба ҳайси директори Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» -и шаҳри Душанбе фаъолият дорад.

Май 20, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад