55- солагии фаъолияти эҷодии У. Раҷабов ва 25 -солагии театри «Ойина» ҷашн гирифта мешавад
Душанбе, 20.05.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар «Кохи Борбад» 23 майи соли равон ҷашни 25-солагии Театри намунавии миниётураи «Ойина» ва 55-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов баргузор мегардад.
Театри намунавии миниётураи «Ойина» соли 1991 бо ташаббуси ҳунарманди шинохтаи тоҷик Убайдулло Раҷабов таъсис ёфтааст. Дар саҳнаи он ҳунармандони маъруфи соҳаи ҳаҷв — С. Мардонов, Р.Қурбониён, А.Раҳматуллоев, Т.Саидова, А.Муродов, О.Қодиров ва дигарон нақш офарида, бо намоишномаҳои дилписанд, аз ҷумла мазҳакаҳои «Ҷазираи беодам», «Санҷиш», «Вохӯрӣ», «Ватан -Модар, «Лингвист», «Дар таваллудхона» ва ғайраҳо ба дили тамошобинон роҳ ёфтааст.
Намоишномаҳои мазҳакавии «Дузд», «Мактуб», «Кворум» ва «Рӯзи таваллуд», ки муаллифи онҳо Убайдулло Раҷабов мебошад, репертуари Театри «Ойина»-ро боз ҳам рангинтар сохтаанд.
Хотиррасон менамоем, ки Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» буда, бо нақшҳои муассир ва ҳаҷви фаромӯшнопазираш миёни мардуми Тоҷикистон маъруфият пайдо намудааст. Мардум бештар ӯро бо ҳаҷвҳои намакинаш шинохтаанд.
Солҳои охир бештари барномаҳои бузурги ҷашние, ки дар толору майдонҳои ҷумҳурӣ омода мешаванд, маҳсули завқу заҳмати ин марди ҳунар аст.
Убайдулло Раҷабов тӯли фаъолияти 55- солаи эҷодиаш шогирдони зиёдеро дар соҳаи ҳаҷв тарбия намудааст ва ҳоло ба ҳайси директори Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» -и шаҳри Душанбе фаъолият дорад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






