А.Амонов: Такмили Конститутсия тақозои замон аст

Май 16, 2016 11:45

Душанбе, 16.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ва маъракаи хеле муҳими сиёсӣ қарор дорад, зеро 22 майи соли равон дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маъракаи муҳим омодагиҳо ҷараён доранд.
Дар робита ба ин Алиҷон Амонов, иҷрочии калони Суди ш.Хуҷанд андешаҳои худро доир ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ Ховар чунин иброз намуд:
— Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, бо шарофати қабули он халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон ҳамчун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ муаррифӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили таъмини меъёрҳои конститутсия, масъалаи таъмини кафолати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрванд, таъмин ва рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистонро аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатӣ ҳисобида, дар ин ҷода пайваста тадбирҳо меандешад. Пешниҳод гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхории навбатии Ҷаноби Олӣ дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳи сифати зиндагии шаҳрвандон, ки аз кафолатҳои конститутсионӣ маншаъ мегирад, ба ҳисоб меравад.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидааст.
Аслан, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон худ талаби замон буда, он тақозо дорад, то меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шуда, ҷавобгӯ ба талаботи замон бошанд. Тоҷикистон, ки худ узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони амнияти ҳамкории Аврупо мебошад, вазифадор аст, то меъёрҳои қонунгузории худро бо талаботи ин созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд. Ҳол он, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсия танҳо таклифу пешниҳоди вакилони мардумӣ набуда, балки он бо хоҳиши аксари сокинони кишвар рӯи кор омадааст. Аз ин лиҳоз ворид намудани тағйиру иловаҳо — ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин бояд гӯям, ки бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ бояд баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шаванд.
Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 25-умин марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ, пешравиву рушдро бо қадамҳои устувор тай намуда истодааст. 25 сол дар назди таърих фосилаи тӯлонӣ нест, аммо Тоҷикистонро тӯли ин муддат бо мақоми ваҳдату сулҳофарӣ, таҳаммулгароиву заҳматкашиҳои содиқонаи мардумаш кишварҳои олам шинохтаву эътироф кардаанд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамояд, ки ҳарчӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии мардум баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар шавад.
Дар пешниҳод оид ба тағйиру иловаҳо, аз ҷумла омадааст, ки калимаи «Сарқонун» дар қавсайн аз ном ва матни Конститутсия хориҷ карда шавад. Бояд гуфт, ки калимаи «Конститутсия» вожаи умумиэътирофшудаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, он калимаи лотинӣ буда, муайян кардан, муқаррар намудани асосҳои низоми сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа, принсипҳои ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, низоми мақомоти он, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсонро ифода менамояд. Вожаи «Конститутсия» дар ҷаҳон маъмулу мақбул буда, ба ҳама фаҳмо ва истифодаи он роиҷ гаштааст.
Ҳамчунин ба моддаи ҳаштум ду тағйирот пешниҳод шудааст.
Якум. Пешниҳод мегардад, ки дар қисми чорум калимаи «ташкилотҳои» ба «иттиҳодияҳои» иваз карда шавад. Қобил ба зикр аст, ки мафҳуми вожаи «иттиҳодия» назар ба «ташкилот» васеъ буда, тамоми навъҳои созмонҳои динӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои диниро низ фаро мегирад.
Дуюм. Ба моддаи мазкур қисми шашум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.
Бояд таъкид намуд, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои ба сари ҳокимият омадан муборизаи сиёсӣ мебаранд. Ин мубориза бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо, бе дахолати давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирад.
Инчунин ҷумлаи дуюми қисми якуми моддаи бистуҳаштум дар таҳрири нав пешниҳод шудааст ва тибқи он «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад». Тибқи таҳрири нави ин қисми модда аз матни пештараи он калимаҳои «аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистидошта» хориҷ гардиданд, зеро ин меъёр хусусияти конститутсионӣ надошта, дар ин ҷо зарурат ба таъкиди хусусияти ҳизб мавҷуд нест.
Ҳамчунин дар қисми дуи моддаи сиву чор таҳрири зерин аз ҷумла чунин омадааст, падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Бояд гуфт, ки минбаъд пас аз қабулшавӣ ин пешниҳод масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзандон ва хосатан масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнатро дар нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар боз ҳам тақвият хоҳад дод.
Хосатан, раванди ин маъракаи басо муҳим, яъне раъйпурсии умумихалқӣ низ аз масъулияти шаҳрвандиву сиёсии ҳар як кишвар вобастагӣ дорад, зеро мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Он имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд гардад ва инчунин ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намояд.
Ҳоло, ки дар манотиқи гуногуни кишвар шарҳу тавзеҳи зарурат ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ нукта ба нукта ба самъи шаҳрвандон аз ҷониби масъулин расонида шуда истодаанд, чун як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон, итминони комил дорам, ки 22 май — Рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ мардуми шарифи кишварамон, минҷумла вилояти овозадори Суғд бо иштироки фаъолона ва истифода аз ҳуқуқҳои конститутсиониашон раъйи худро озодона ба қабули ин тағйиру иловаҳо изҳор намуда, ба ин васила боз як қадами устувор дар рушди минбаъдаи диёри азизамон ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ хоҳанд гузошт.

Таҳияи Абдуаҳад Дадобоев

Май 16, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Вазорати нақлиёт, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти алоқа нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Санъат Раҳим: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст